Дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобилият ба экстремизм ва терроризм дар солҳои 2016-2020” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот Ҳусейн Шокиров – сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти Стратегияи миллӣ, ҷараёнҳои сиёсӣ ва динии экстремистӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба муқобилият ба экстремизм ва терроризм, масъулият барои ширкат дар фаъолиятҳои экстремистӣ ва террористиро фаҳмонд.
Ҳамчунин намояндаи дигари ин Кумита Абдураҳмон Мавлонов қайд кард, ки дар айни замон масъалаи муҳим ин паҳн намудани маводҳои экстремистӣ аз тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет, муқобилияти иттилоотии паҳн кардани экстремизм ва бунёдгароӣ миёни ҷавонон мебошад.
Вай аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда даъват намуд, ки дар мулоқоташон бо аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон ҳамчунин оид ба ин гуна зуҳуроти номатлуб суҳбат кунанд.
Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи саволҳои посухҳои муфассал ва дақиқ доданд.