Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар шаш моҳи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд 321 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 84 нафар ба ҳалокат расида, мабалғи зарари расида аз ин ҳаводис 3 миллиону 508 ҳазор сомониро ташкил дод.

4-уми июли соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар вилояти Суғд

Машқи тирпарронӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Рӯзи 2-уми июли соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, сайқал додани маҳорату малакаи хидматчиёни ҳарбӣ оид ба тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон, обутоби рўҳию ҷисмонии онҳо дар машқгоҳи тирандозии «Сарбанд»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Левакант тамринҳо гузаронда шуд.

Дар ин тарин хидматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои 

Конфронс вобаста ба ҳифзи пиряхҳо

Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс вобаста ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар кори он генерал-майор Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидов Анварҷон — намояндаи Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Кумита иштирок доштанд.

Ҳушдории КҲФ аз ҳавои бесобиқаи гарм ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки аз 4-ум то 7-уми июли соли ҷорӣ ба сабаби вуруди ҳавои гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ҳарорати ҳаво ғайримунтазирона баланд мешавад.

Тибқи маълумоти манбаъ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо, доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ чунин пешгӯӣ мешавад: дар водиҳои вилояти Хатлон аз 42 то 47°,

Ду ҳодисаи марг дар обҳо ва ҳалокати як тан дар садамаи мошин

30 – уми июни соли 2025, соати 12:30 дақиқа як сокини 26-солаи деҳаи Боғистон, ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор, ки аз кӯчаи Бедили ҷамоати шаҳраки Ҳисор мегузарад, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд.

       Якуми июли соли равон соати 06:30 дақиқа, тахминан 200м поёнтар аз ҷои ҳодиса аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо ва барои ташхис ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Страницы