Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24 ноябри соли 2020, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – Сардори раёсати ташкилию оперативӣ полковник Вализода Х., ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С.  гузаронида шуд.

Бозёфтҳои таърихӣ аз як кӯҳи яхӣ, ки аз тағйири иқлим яхи он об шуд

Бар асари тағйири иқлим дар парки милии Ютунхеймени Норвегия кӯҳи яхӣ батадриҷ об шуд ва пеши назари ковишгарон ҳаддиақал 68 пайкони қадимӣ намудор гашт. Қадимитарин бозёфтҳо ба солҳои 4100 то солшумории мо  ва навтаринашон 1300 сол то милоди Масеҳ мансубанд, - гуфта шудааст дар хулосаи пажӯҳиши донишмандон аз Кембриҷ, Осло ва Берген, ки онро маҷаллаи The Holocene интишор додааст.

Хабарҳои як шабонарӯзи гузашта: Сӯхтор дар кӯдакистони шаҳри Бохтар. Зарари як сангпора ба ҳавлии сокини ноҳияи Айнӣ. Боз кардани дари баста дар Душанбе

25-уми ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 07:20 дақиқа, дар бинои Кудакистони №2-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Баъди гирифтани хабари фаврӣ дастаи махсуи зудамали наҷоти бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, дар ҳайати 16-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, якҷо бо хадамоти оташнишонии шаҳри Бохтар, барои хомӯш намудани алангаи оташ ва кӯчонидани молу амволи Кӯдакистони мазкур мусоидат намудан.

Ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо дар ҷараёнанд

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти натиҷаҳои кори Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома доранд, ки дар онҳо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили

Боздиди сарвари тозатаъини намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкориҳо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии директори нави он хонум Саломе Штейб ба ҳузур пазируфт.

Сарвари идораи наҷоти кишвар Сардори Дафтари

Страницы