Баргузории дидору мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита бо мақсади эътино, пешгирӣ ва маълумотнокии аҳолӣ, коҳиши ҳаҷми хатар, ҳисорот ва талафоти шаҳрвандони кишвар аз офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта корҳои таблиғотӣ гузаронд.

Наҷоти духтари 19-сола, ки мехост худкушӣ кунад

4-уми феврали соли 2025, соати 14:15 дақиқа хабар расид, ки як духтари 19-сола, сокини деҳаи Курушкадаи ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба қасди худкушӣ худро аз болои пули мошингузари шаҳр Хуҷанд ба дарёи Сир ҳаво додааст. 

Дар баробари дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Хушбахтона ин духтар зинда наҷот дода шуд.

Сабаби даст ба худкушӣ задани духтари ҷавон маълум нест.

Наҷотдиҳандагон ронанда ва 4 мусофири мошини сарозершуда дар дарёро зинда берун оварданд

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Сангвор аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки 4-уми феврали соли равон соати 11:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.

Бино ба ин гузориш сабукрави тамғаи “Honda CR-V”, ки аз ҷониби як сокини 33-солаи ҷамоати деҳоти Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дучори садама шуда, ба дарёи Хингоб сарозер шудааст.

Ин мошин бо чор мусофир дар ҳоли ҳаракат буд.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 феврали соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А., сардорони раёсатҳо, сарраёсатҳо ва шӯъбаҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанивухориҷӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ҳалокати як ронандаи 48-сола дар садамаи роҳи Душанбе-Кӯлоб

2-уми феврали соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб садама рух дод, ки бар асари он ронандаи мошини боркаш ба ҳалокат расид.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошини сементкаши тамғаи HOWA-MIKSER, ки аз ҷониби як сокини 48-солаи деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ба кӯҳ бархӯрдааст.

Страницы