КҲФ: Чор ҳодисаи сабтшуда дар обҳои кишвар, ки мутаассифона, одамон ҳалок шудаанд
Чоп шуд: 12/05/2024 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/spasenie.jpg?itok=3fjT6pjk)
24 соати охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳор амалиёти наҷот дар об иштирок намуда, як марди 76-соларо наҷот доданд.
9-уми майи соли 2024 соати 14:10 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ дар бораи марде хобида дар ҷазираи хурде воқеъ дар дарёи Қаратоғ хабар доданд. Ин мард аз ҳудуди деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дида мешуд.