Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: боришоти шадид, сел, тӯфони ғуборолуд, резиши сангу лағзиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши созмони обуҳавосанҷи мамлакат аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон  тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст.

Дар водиҳо боронҳои шадиди селосо меборад, шамол аз

Мулоқоти сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳайати Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ

Рустам Назарзода ва Стэйнлик Саманҷӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи умумҷаҳонии ғизои СММ таъкид карданд.

24-уми апрели соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи умумиҷаҳонии ғизои

Аҳолии Ёвонро барои муқовимат бо офатҳои табиӣ омода мекунанд

Тамрини омодагӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар се марҳила дар ноҳияи Ёвон баргузор шуд ва ҳадаф аз он омӯзиши аҳолӣ ва арзёбии системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия буд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар соли

Сели азиму лағзиши хок 61 нафар сокинони як русто дар Лахшро бесарпаноҳ гузошт

Бар асари боронҳои шадид ва омодани селу лағзиши хок 6 хонаи истиқоматӣ, шаш иншооти ёрирасон дар рустои Шилбили ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш пурра хароб ва 61 нафар аз хонаву кошонаи худ маҳрум шуданд.
Ин борони шадид рӯзи 22-уми апрел боридаву якҷо бо сангрезаҳо лойу хоки азимро болои хонаҳои мардуми деҳа сарозер кард.

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Соли гузашта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодиса ё ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсии Кумита бо кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Страницы