Тамрини омодагӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар се марҳила дар ноҳияи Ёвон баргузор шуд ва ҳадаф аз он омӯзиши аҳолӣ ва арзёбии системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия буд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар соли 2017 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Амали мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ ва истифодаи неруҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” дар ноҳияи Ёвон тамрин гузарониданд.
Дар ҷараёни омӯзиш, ки дар се марҳила баргузор шуд, масъалаҳои омодагии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолии деҳаи Ҳасан Ҳусейнов баррасӣ шуд. Дар ин омӯзишҳо ҳудудан 1500 нафар ширкат карданд.
Дар давраи баргузории тамринҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ ба омадани сел, ярч, заминларза кор карда баромад шуда, омодагии неруҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия арзёбӣ шуданд.
"Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳолати омодабош дароварда шуданд. Бо ҳамоҳангӣ бо мақомоти идории маҳаллӣ ҳамчунин системаи хабардиҳии фаврии аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдидҳои он санҷида шуданд”,- гуфт сарвари омӯзиш подполковник У. Файзуллоев.
Чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражаданӣ ба таври ҳамешагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии хатар аз офатҳои табиӣ гузаронида мешавад.