Соли гузашта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодиса ё ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсии Кумита бо кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мулоқот роҳбари Раёсати таҳлили фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ, полковник Қутбиддин Сафарзода ва ҷонишини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, оид ба иртибот бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма Шодибек Лашкарбекзода ширкат карданд.
Полковник М.Салимзода – ҷонишини Раиси КҲФ бо ифтитоҳи мулоқот қайд кард, ки дар қатори таҳдидҳои дигаре чун таҳдиди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фасод низ ба давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар фарди ҷомеа зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми татбиқи фаъолиятҳои касбӣ ва молиявию хоҷагӣ, аз ҷумла масъалаҳои роҳ надодан ба рафторҳое, ки метавонад аз ҷониби атрофиён чун ваъда ва ё пешниҳоди додани ришва ва ё ризоят ба қабули пора ва ё хоҳиши додани ришва фаҳмида шавад; маҳдудиятҳои қабули туҳфаҳо; ҷазои таъиншуда барои додани пора, миёнаравӣ ба ришвахорӣ дар шакли ҷарима, аз кор рондан ба хотири аз боварӣ хориҷ шудан, тартиби тафтиши маълумоти пешниҳодкардаи шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои зертобеъи он тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобилият бо фасод мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Полковник К. Сафарзода, ки аз миёни ширкаткунандагони ҳайати шахсии КҲФ суханронӣ кард, ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ оид ба арзёбии ҳолатти коррупсия ва муайян намудани сатҳи коррупсия дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки бар асоси таҳлили гузаронидашуда дар соли гузашта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ягон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар поёни мулоқот миёни кормандони ниҳоди зиддикоррупсионии кишвар ва кормандони Кумита табодули афкор сурат гирифт.