Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ озмун эълон мекунад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи марказӣ озмун эълон менамояд:

  • Навбатдори алоқа (радиоиртибот) дар шуъбаи вокуниши фаврӣ, ҳамчунин барномасозон, таҳлилгарон, кормандони бахши техникӣ дар Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ.
  • Сардор ва рӯзноманигорон барои Шуъбаи кор бо ҷомеа.

Талабот: - доштани маълумоти олӣ ё техникӣ;

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши иштирок дар озмун дорад, ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

а) ариза барои ширкат дар озмун, тарҷумаи ҳол;

б) варақаи дастӣ пуркадашуда бо имзо ва ду расми  9*12;
в) нусхаи шиноснома, нусхаи диплом бо тасдиқи нотариус;
г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ва ё хадамоти  кадрии ҷойи кор тасдиқ карда бошад;

д) нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ;
ж) маълумотнома аз ҷойи истиқомат бо нишон додани ҳайати оила;

Ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун бо суроғаи: ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26 қабул карда мешаванд.

Телефон барои маълумоти бештар: (+992 372) 2217181.

  E-mail:  najot@rs.tj.

барчасп: