29 октябри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба Дастурамали кор бо ҷасадҳо дар ҳолатҳои фавқулода бо наҷотдиҳандагони Кумита аз Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ва Дастаҳои наҷоти вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ семинарӣ омӯзишӣ баргузор гардид.
Мақсади баргузории семинари омӯзишӣ ин бо усули лексионӣ, рӯнамоӣ, наворҳои видеоӣ, фаҳмонидан, инчунин ба тарзи интерактивии таълим, яъне саволу ҷавоб ва овардани мисолҳо такмил додани савияи дониш, шинос намудан ва бо дастурамалу барномаҳои навтаҳиягаштаи Кумита аз ҷумла “Барномаи омода намудани ҳайати шахсии Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба кор бо ҷасадҳо дар ҳолатҳои фавқулодаи гуногун” ба хизматчиёнии ҳарбии сохторҳои наҷотдиҳии Кумита буд.