Ҳушдор аз селҳои эҳтимолӣ дар баъзе навоҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар шабонарӯзи наздик хатари омадани сел дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита бори дигар ба сокинони навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ муроҷиат карда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, рафтани ба шикороҳ барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ кунанд.  

Ҳамчунин, КҲФ аз сокинон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Илова бар ин, Кумита барои пешгирии харобиҳои эҳтимолии селҳо  хоҳиш менамояд, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу сангу рег тоза кунанд, то об роҳи бемонеа берун шудан дошта бошад.

барчасп: