22 октябри соли 2024 соати 19:16 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки бар асари шамоли сахт як қисми сафедори азими хушк шикаста ва дар девори бинои 4-ошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе овезон шудааст.
Барои рафъи вазъи мавҷуда соати 19:18 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ва кормандони хадамоти роҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Онҳо баъди арзёбии вазъ дарахтро бо шоху барги шикастааш арра карданд ва хатарро бартараф намуданд.
Дар ин ҳодиса касе зарар надид ва ба бино низ осеб нарасид.