Оғози давраҳои дарозмуддати омӯзишӣ дар КҲФ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ, Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Сарраёсати мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзишии дарозмуддат ташкил ва роҳандозӣ мешавад.

Дар рафти дарсҳо кормандони Кумита таҳти роҳбарии мутахассисони варзидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Аэрогеодезия Душанбе»  барномаи махсуси «Arc GIS»-ро меомӯзанд.

Дар рафти омӯзиш масъалаҳои марбут ба технологияҳои ГИС, таҳлили тасвирҳои моҳвораӣ, назорат ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсади таҳлили минтақаҳои дорои хатари баланд ва ташкили пойгоҳи маълумот баррасӣ мешаванд. Илова бар ин, ин омӯзиши барнома имкон медиҳад, ки таҳлили фазоии одӣ ва пешрафта ва ҳалли мушкилот дар вақти воқеӣ анҷом дода шавад.

Барои таҳкими донишҳои назариявй машғулиятҳои амалй низ гузаронда мешаванд, ки дар онҳо коргарон аз рӯи барномаи омӯхташуда харитаҳо мекашанд.

барчасп: