Ғолибони радиовикторина соҳиби ҷоизаҳо шуданд

21 – уми октябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторинаи радиоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Ба панҷ нафар ғолибони радиовикторина сертификат ва тӯҳфаҳо супурда шуданд.

КҲФ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва инчунин омодасозии онҳо мунтазам чорабиниҳои гуногуни оммавии тарбиявӣ байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мегузаронад.

Соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла дар рӯзҳои боз, намоиши мошину техникаи ёрии таъҷилӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои кӯдакона бо ҷалби гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, радиовикторинаҳо ва тренингҳо таҳти шиори «Дастёбӣ ба баробарии ҷамъиятҳои осебпазир барои ояндаи пойдор” баргузор гардиданд.  

11 октябри соли 2024 дар Радиои «Азия-Плюс» дар давоми ду соат муколама байни мутахассисони Кумита ва шунавандагони радио баргузор гардида буд ва дар он кормандони КҲФ ба суолҳои барандагони радио ва шунавандагони радио посух доданд. Ёдоварӣ аз рафтори дуруст ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, пешгирии онҳо – ин ва ғайра дар студияи Радиои «Азия-Плюс» мавриди суҳбат ва баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. 

Илова бар ин, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ викторинаи радиоӣ гузаронида шуд. Ба шунавандагони радио дар мавзўи ҳолатҳои фавқулодда тариқи онлайн суолҳо ироа шуд. Зарфи як соат панҷ нафар ғолибон муайян карда шуда буданд.

Дар маросими эътои ҷоизаҳо наомяндагони Дафтари Швейтсарии ҳамкориҳо дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва роҳбарони КҲФ ҳузур доштанд.

Ғолибон ба роҳбарияти КҲФ ва шарикони рушд изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки таҷриба ва дониши худро дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ҷомеа мубодила мекунанд.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо тарғиби фарҳанги ҳаёти бехатар дар байни насли ҷавон, ҷалби таваҷҷуҳи умуми мардум ба аҳамияти вазифаи пешгирӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар миёни мардум барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳаводиси нохуш, сироят шудан ба бемориҳои сироятӣ, фоҷеаҳои экологӣ, технологӣ ва ғайра мебошад.

барчасп: