Машқҳои ғайринақшавӣ дар соҳили Харангон

12 октябри соли 2024, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳаллаи Сабзазор кӯчаи Алхитой машқи ғайринақшавӣ дар мавзӯиАмали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода" машқи ғайринақшавӣ баргузор шуд.

Дар доираи машқ 800 метр соҳили дарёи Харангон ба хотири пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии болоравии сатҳи об ва омадани сел симтур кашида шуда, корҳои дигари соҳилбандӣ анҷом гирифт.

Мавриди  зикр аст, ки  мақсад аз гузаронидани машқи ғайринақшавӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, аз ҷумла омадани сел, боло рафтани сатҳи оби дарё буд. 

Аксҳо баёнгари ҷараёни тамринҳо мебошанд.

барчасп: