19 октябри соли 2023 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия дар Дастгоҳи марказии Кумита вохӯрӣ бо сарнозири Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Ёсуман Акрамзода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барои солҳои 2021-2025» шарҳу эзоҳ дода, оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мисолҳо овард ва доир ба масъалаҳои мубрами ташкили мавқеи зиддикоррупсионӣ изҳори назар намуд.
Ҳамчунин масъалаҳои рафъи сабабҳо ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда, маҳдудиятҳо дар гирифтани тӯҳфаҳо, муқаррар намудани ҷазо барои гирифтани ришва ва додани ришва, миёнаравӣ дар пешниҳоди пора, ки ҷазоҳое ба мисли ҷаримае, ки чандин карат бештар аз маблағи ришва мебошад, аз кор озод кардан бо сабаби аз даст додани боварӣ, тартиби тафтиши маълумоти аз чониби шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои тобеи он тибки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни кормандони КҲФ ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.