Оғози тамрини дурӯза дар ноҳияи Нуробод

Марҳилаи якуми тамрини “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода" дар ноҳияи Нуробод рӯзи 17 октябри соли 2024 оғоз шуд.

Дар он  ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Нуробод ширкат карданд.

Тамринро раиси ноҳия-раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ кард.

Роҳбари машқи мукаммал полковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр Мирмаҳмаҳмад дар суханронии худ қайд намуд, ки соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ яке аз муҳимтарин самти сиёсати ягонаи давлатӣ мебошад, ки вазифаи асосии он ҳифзи аҳолӣ, сарватҳои миллӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар замони осоишта ва давраи ҷангиро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки  мақсад аз баргузории чорабинӣ омода намудани тамоми соҳаҳои ноҳия оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва амалан нишон додани ҳолати омодабошии қувва ва воситаҳои ноҳия мебошад.

Қарор аст ин тамрин ду рӯз идома карда, рӯзи 18уми октябр ба анҷом расад.

 

 

 

барчасп: