Мулоқоти генерал Рустам Назарзода бо Виктор Лутенко

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко мулоқот намуд.

Раиси КҲФ ба ҷаноби Лутенко дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои он, инчунин дар бораи офатҳои табиии ба қайд гирифташуда дар кишвар маълумот дод. Ҳамчунин дар бораи ироаи кумаку дастгирии ҳукумати кишвар ба аҳолии осебдида маълумот дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, табодули таҷриба, инчунин ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси кормандони Кумита баррасӣ шуданд.

Дар навбати худ ҷаноби Лутенко барои пазироии гарм изҳори сипос намуда, қайд кард, ки танҳо тавассути ҳамкории зич мо метавонем ба татбиқи босамари вазифаҳои гузошташуда ноил шавем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва СБМ имкон медиҳанд дар оянда дар самти расонидани кумак ба аҳолии осебдида барои муқовимат ба таҳдидҳои нави табиӣ ва инсонӣ кори муассир анҷом дода шавад.

барчасп: