16 октябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳо фаъолияти оперативӣ ва хидматии КҲФ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор шуд.
Дар кори коллегия роҳбарони раёсатҳои асосӣ, раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти зидди жола, Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ ширкат карданд. Ҳамчунин сарварони раёсатҳои КҲФ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шӯъбаҳои байниноҳиявии Кумита дар минтақаи Кӯлоб ва Рашт ба сурати онлайн иштирок карданд.
Ҷаласаро раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ифтитоҳ кард. Вай қайд намуд, ки давраи баҳору тобистони соли 2024 барои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати офатҳои табиӣ душвор буд, вале кормандони Кумита тавонистаанд, ки сари вақт ба мушкил расидагӣ ва ба аҳолии зарардида ёрии ҳаматарафа расонанд ва барои коҳиши хатари офатҳои табий чораҳо андешанд.
Сарвари Кумита қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини оилаҳое, ки манзилҳои истиқоматиашон дар офатҳо зарар диданд, хонаводаҳое, ки истиқоматгоҳашон дар ин рӯйдодҳо барои зисту зиндагӣ номумкин шуд, бо биноҳои нави истиқоматӣ таъмин шуданд ва дар мавридҳои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси Кумита щамчунин иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат, дар ноҳияи Нуробод ва Ишкошими ВМКБ калиди биноҳои нави истиқоматӣ ба сокинони зарардида супорида шуд. Дар маҷмӯъ барои оилаҳои осебдида 162 бинои истиқоматӣ сохта ва хонаҳои нисбатан харобшуда барқарор карда мешавад.
Дар ҷаласа натиҷаҳои кори Кумита дар нӯҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми соли 2024, инчунин омодагӣ ба давраи зимистонаи воҳидҳои сохторӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хадамоти наҷот, вазъияти тайёр кардани техника ва наклиёт, захираҳои хӯрокворй ва сару либос мавриди барарсӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи аввал муовини якуми Раиси КҲФ генерал-майор Ҳотамшо Латифзода суханронӣ намуд. Вай дар он бора сухан ронд, ки дар нущ мощи сипаришуда ҳисоботӣ Кумита бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифаҳои худро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваколатҳои соҳавӣ ва нақшаи асосии кории шӯъба барои соли 2024 ба роҳ монд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии офатҳои табиии эҳтимолӣ дар минтақаҳои хатарнок ва анҷом додани корҳои соҳилбандӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Барои дар сари вақт анҷом додани корҳои рафъи паёмадҳои офатҳо низ тадбирҳо андешида шуданд. .
Ҳамчунин ҳисоботи сардорони Сарраёсати мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, сардорони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шӯъбаҳои байниноҳиявии Кулоб ва Рашт шунида шуданд
Аз рӯи масъалаи дуюм муовини раиси Кумита, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода, инчунин роҳбарони шуъбаи таъминоти моддӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ маълумот доданд.
Сардори Сарраёсати Қӯшунҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомии КҲФ дар бораи вазъи интизоми ҳарбӣ, омодагии ҳарбӣ ва таъминоти моддию техникӣ дар фасли зимистони солҳои 2024-2025 гузориш доданд.
Зимни суханронии худ раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии КҲФ дар давраи тирамоҳу зимистон идома додани корҳои пешгирона дар миёни аҳолӣ ҷиҳати вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад. Роҳандозии корҳои мавсимии пешгирӣ барои ҷилавгирӣ аз осебҳо ва хисорот дар натиҷаи офати табиӣ, инчунин ба анчом расондани корҳои омодасозии таҷҳизоти фаннӣ ба мавсими зимистон, ба вуҷуд овардани захираи сӯзишворию равганҳои молиданй, озуқаворй ва дорувор.
Дар хотима раиси КҲФ оид ба ҳадафҳои дарпешистода сухан ронда, ба аҳамияти татбиқи фармону дастурҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои дар доираи салоҳиятҳои Кумита гузошташударо таъкид намуд.
Ҳамчунин Рустам Назарзода масъалаи ворид кардани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи самараноки созишномаҳои қаблан имзошуда ва барномаҳои қабулшуда, инчунин риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсиро аз ҷумлаи дигар масоиле донист, ки бояд дар семоҳаи баъдӣ иҷро шавад.