КҲФ: Хатари омадани селҳо дар кишвар. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ бар асари боронҳои шадид боқӣ мемонад.

Ин ҳодисаҳо метавонанд сабаби болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар минтақаҳои ёдшуда шаванд.

Боришоти борон ва оби дарёҳо метавонад пастхамиҳо, заминҳои кишоварзиро зери об кунад, қитъаҳои роҳҳоро шуста, инчунин ба бехатарии пулҳо хатар эҷод кунад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

Дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

барчасп: