Семинари омӯзишӣ дар Хоруғ

Тибқи нақша-чорабаиниҳои Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари барномаи  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон “Семинари омӯзишӣ доир ба шиносоӣ бо барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методии аз нав таҳияшуда барои мутахассисони маркази таълимӣ-методии вилоят ва бахшу шуъбаҳои Раёсат дар ноҳияҳо” баргузор гардид.

Семинари омӯзишӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсат баргузор карда шуд.

Мақсади баргузории семинар ин бо усули лексионӣ, рӯнамоӣ, наворҳои видеоӣ, фаҳмондадиҳӣ, инчунин ба тарзи интерактивии таълим, яъне саволу ҷавоб ва овардани мисолҳо такмил додани савияи дониши сармутахасисони Раёсат дар самти омӯзиш ва шинос намудани онҳо бо дастурамалу барномаҳои навтаҳиягаштаи Марказ буд.

Инчунин оид ба “Истифодабарӣ ва пайвастшавӣ ба замимаи мобилии “SOS” тавсияҳо дода шуд. Баъд аз анҷоми семинар ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешавад.

Қайд менамоем, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ оид ба масъалаи мазкур рӯзҳои 24 то 26-уми сентябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон низ гузаронида шуда буд.

Чунин семинари омӯзишӣ дар дигар шаҳру вилоятҳо роҳандозӣ хоҳад шуд.

барчасп: