Роҳандозии корҳои соҳилбандӣ ва аксияи “Тозагӣ” дар Харангон ва Рашт

12 октябри соли 2024 дар мавзеи Харангони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои соҳилбандӣ ва аксияи “Тозагӣ” гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бахшида ба 13 октябр - “Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ” аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд - Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Агентии Швейтсарии ҳамкорӣ ва рушд ба роҳ монда шуд.

Бино ба хабари полковник Т.Маҳмадзода, и.в. сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита дар он хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, истиқоматкунандагони маҳалла кормандони сохторҳои дахлдори Кумита, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе,  Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Агентии Швейтсарии ҳамкорӣ ва рушд фаъолона иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани чорабинӣ пешгирӣ намудан аз офатҳои табиие, ки дар ин мавзеҳо тез - тез рух доданашон эҳтимол дошт.

Дар он 7 техникаи муҳандисӣ, 40 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 35 нафар сокинони маҳал, 30 нафар кормандони Агентии Оғохон оид ба макони зист ва 25 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд.

Зиёда аз 100 метр соҳили дарё мустаҳкам карда шуда, 2 км соҳили дарё ва 2 км канори роҳ аз партобҳо ва зарфҳои пластикӣ тоза карда шуда, партоб аз маҷрои об бароварда шуда, ба ҷойи муайяншуда кашонида шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки рӯзи 12-уми октябри соли равон ба ин монанд корҳои ободониву поксозӣ дар ноҳияи Рашт низ гузаронида шуд. Бино ба хабари афсари калон Д. Шарифов дар Рашт низ ин корҳо дар ҳамкорӣ ва муоидати Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист роҳандозӣ шуд ва он ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бахшида шуда буд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо иштироки гурӯҳҳои ихтиёрӣ аз шаҳри  Роғун,  ноҳияҳои Рашт, Лахш, Файзобод ва Нуробод машқи якҷояи амалӣ – тактикӣ низ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 100 нафар ширкат карданд.

барчасп: