Баъди 100 сол мӯза ва кафи пойи фотеҳи Эверест Эндрю Ирвин пайдо шуд

Ин навтарин бозёфт дар Эверест метавонад боз як асрори фатҳи ин қуллаи мушкилгузарро ифшо кунад. Ҳоло муҳим чизи дигар аст: бояд дурбини аккосии ӯ, ки ҳамеша бо худ мегардонд, пайдо шавад.

Дар як минтақи баландкӯҳи Эверест, ки пиряхи он дар ҳоли башиддат об шудан бар асари гармои соли 2024 буд, попӯш ва кафи пойи кӯнаварди 22-солаи британиёӣ Эндрю Комин Ирвинро ёфтанд. Ин кӯҳнавард 100 сол пеш ҳангоми боло шудан ба қуллаи баландтарини Эверест нопадид шуда буд. Дар ин 100 сол дар хонаводаи Ирвин ҳодисаҳои зиёде рух доданд, вале тӯли ин солҳо онҳо ҳамагӣ интизори хабаре буданд, ки аз сарнавишти кӯҳгарди ҷавон паёме расонад. 

Моҳи сентябри соли 2024 як эъзомия, ки маҷаллаи машҳури  National Geographic барои наворбардории филми ҳуҷҷатӣ аз вазъи имрӯзаи Эверест ва яхҳои куҳани он ташкил карда буд, дар гӯшае аз яхи обшудаи пиряхи Ронгбук  пойафзол бо кафи пойро пайдо карданд. Он  ба Ирвин, ки бо номи Сэнди Ирвин ҳам шинохта мешуд, мутааллиқ буд. Ирвин соли 1924 ҳамроҳ бо Ҷорҷ Мэллори нопадид шуда буд. Бозёфт хонаводаи Ирвинро сахт ҳаяҷонзада кард. Ҷияни ӯ Ҷулия Саммерс ба расонаҳо гуфт, ки “ин хабарро шунида шокӣ шудам, охир пайвандон мо муддати сад сол интизори пайғоме аз ӯ буданд ва вақтҳои охир ҳатто умедҳоямонро ҳам канда будем, ки ақалан нишоне аз ӯ меёбем”.

Хешовандони Ирвин дарҳол таҳлили ДНК гузрониданд, ҳарчанд дар хатчӯби ҷӯроби ин кафи пой номи Ирвин навишта шуда буд. 

Ирвин ҷавонтарин узви ин эъзомияи муаммобарангез буд. Бори охир ӯ ва Мэллориро 8 июни соли 1924 зиндаву саломат дида буданд, ин замоне буд, ки онҳо мехостанд ба қасди фатҳи баландтарин қуллаи Эверест боло шаванд.  Ҷустуҷӯи ҷасади кӯҳнавардон пайваста идома дошт. Соли 1999 кӯҳгардони амрикоӣ ҷасади Мэллориро пайдо карда буданд. Ин кашфиёт мутахассисонро ба як қатор назарияҳои конспирологӣ андармон кард. Мегуфтанд ҷисми кӯҳгардро шояд пештар ҳам ёфтаву баъдан зери ях карда бошанд.

АСРОРИ ДАСТГОҲИ АККОСӢ

Ширкаткунандагони ин эъзомияи на танҳо пеши худ мақсад гузоштанд, ки бақоёи ҷасади Эрвинро пайдо ва ба хонаводааш баргардонанд, балки талош доранд дастгоҳи аккосии ӯро ҳам пайдо кунанд. Аксҳои дохили он метавонанд ба суолҳои зиёди беҷавоби ин кӯҳи баландтарин олам дар 100 сол пеш посух диҳанд. Ирвин ҳамеша бо худ дурбини аккосӣ дошт ва табиист, ки вай метавонист ҳар қадами худ, ҳар манзара, ҳар бозёфт аз назари худро суратгирӣ кунад. Ба эҳтимоли зиёд онҳо баъди фатҳи қулла шояд даҳҳо расм ҳам гирифта буданд. 

Саммерс мегӯяд ин дастгоҳи аккосӣ пайдо мешавад ва ё на, аммо шикору ҷустуҷӯи он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ навидҳое аз ҳаёти як ҷавони ковишгару пурталош хоҳад дод. Ҷавоне, ки бо ҳазорон орзу дар синни 22-солагӣ тасмим гирифт ба қуллаи баландтарин кӯҳи олам муваффақ шавад. Ва  дурбини аккосии ӯ шоҳиди ҳар нафаси охирин моҳҳо ё рӯзу соатҳои ҳаёти ӯст.

Ҳарчанд ин бозёфти таърихӣ хеле дер ба даст омад, вале ҷияни Эрвин мегӯяд ин ҳатто хуб аст, ки насли калонсол дар ин бора надонистанд, чун барояшон алакай “Эверест ин гӯри фарзандашон” буд.

ФОҶЕАҲОИ ПИРЯХ ДАР ОЛАМ

Чанд фоҷеае, ки дар пиряхи непалии Хумбу воқеъ дар доманаи Эверест рух дод, талафоти ҷонӣ ҳам дошт. Соли 1951 гурӯҳе аз кӯҳгардон бо сарварии Эдмунд Ҳиллари ҳангоми гузар аз он ба қасди расидан ба қуллаи Эверест дучори ҳамин гуна як ҳодиса шуд. Яке аз ширкаткунандагони ин қуллапаймоӣ баъдҳо навишт, ки вақти гузар баногаҳ зери пояшон шадидан ларзид ва пирях ба ҷунбиш омад, вале хушбахтона, ҳеч порае аз он канда нашуд ва кӯҳгардон солим ба роҳи худ идома доданд. Вале соли 1969 сафари як гурӯҳи дигар аз кӯҳнавардон аз ҳамин масир фоҷеабор анҷомид ва 6 нафари онҳо ҳалок шуданд. 

Бояд гуфт, ки умқи тарқиш ё шикофи пиряхҳо метавонад бештар аз 40 метр бошад ва дарозии он чандин километр. Бо гузашти солҳо ва ба сабаби резиши барфи зиёд ва ҳаракати ях ин тарқишҳо метавонанд пӯшида шаванд. Ҳодисаҳое ҳам ҳастанд, ки ҷасади кӯҳгардоне, ки ба фоҷеа дучор шудаву ба ин тарқишҳо афтоданд, ях бастааст. Чунончӣ, соли 1820 дар нишебии Монблан се роҳнамо аз пой афтода, ба умқи яке аз ин тарқишҳо партоб шуданд. Баъди 43 сол вақте яхи ин қитъа батадриҷ об шуд, ҷасади онҳо намудор гашт ва онҳоро се километр дуртар аз ҷойи фоҷеа ёфтанд.

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

барчасп: