11 октябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалии “Котиботи байналхалқии захираҳои об”, “Юнисеф”, “Ташкилоти ҷамиятии гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, инчунин Бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилоят, Шуъбаи маъорифи шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр чорабинӣ баргузор карда шуд.
Аз тарафи сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар вилояти Суғд подполковник Розиқов Шодиҷон Амирхонович ва намояндаи Раёсати маъорифи вилояти Суғд Самадова Ҳафиза ба иштироккунандагон мақсад ва ҳадафҳои гузаронидани чорабинӣ фаҳмонида дода шуд.
Баъдан хонандагон аз рӯи се номинатсия “Расми беҳтарин”, “Маърузаи беҳтарин” ва “Ҳозирҷавоби беҳтарин” дар мавзуи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷониби ҳайати доварон маводҳо ва баромадҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ карда шуда, иштирокчиёни фаъол аз тарафи ташкилкунандагони чорабинӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон намоиши таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ва тарзи истифодабарии он ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 250 нафар омӯзгорону хоандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Мақсади баргузории чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани маълумотнокӣ, донишу маҳорат, ақлу заковати хонандагон дар самти ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Маликзода Д.М.