Ҳарорати ҳаво тағйир меёбад ва дар минтақаҳо барфу борон меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 12 то 15-уми октябри соли равон дар ҳудуди баъзе аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарбии ВМКБ борон меборад ва дар шарқи ВМКБ эҳтимоли боридани борону барф вуҷуд дорад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 м/с мевазад, 13 октябр дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Рӯзҳои 13-14 октябр дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои 13-14 октябри соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои вилоят дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр боридани борону барфи кӯтоҳмуддат низ пешгӯӣ шудааст.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ 14-15 октябри соли 2024 ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва дар шарқи вилоят бориши барф ва борон пешгӯӣ мешавад.

Дар натиҷаи боришот ҳолатҳои фавқулоддаи зерин метавонанд ба амал оянд:

  • афзоиши эҳтимолии садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи аз об пур шудани пулҳо, зери об мондани роҳҳо ва ғайра;
  • эхтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои кишоварзӣ дар натиҷаи омадани селҳо, пур шудани ҷӯву заҳбурҳо;  
  • эҳтимоли зери об шудани қитъаҳои роҳ, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо, расидани зарар ба ҳосили кишоварзӣ ва ғайра.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад барои ҷилавгирӣ аз вуруди сел ба манзилҳои истиқомативу ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт сари вақт селрораҳо ва ҷӯву каналҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.  

Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ба рақами телефонҳои 112  ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефонҳои (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 хабар диҳед ва кумак хоҳед.

барчасп: