Паноҳгоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ ба истифода омода шуд (ВИДЕО)

Паногоҳ

1 сентябри соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода дар маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табии рухдода дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, ширкат намуд.

Ин урдугоҳ дар доираи ҳамкориҳои КҲФ бо шарикони байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ сохта шудааст.

Дар ин маросим Сарвари Намояндагии Комиссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди, ҷонишини Сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон хонум Зайнаб-ал-Зави, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ ҷаноби Адҳам Мусаллам, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.

Дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, роҳбари Кумита ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос намуд. Номбурда зикр кард, ки тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд равона карда шудааст.

Дар суханрониҳои худ Сарвари Намояндагии Комиссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди, ҷонишини Сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон хонум Зайнаб-ал-Зави, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ ҷаноби Адҳам Мусаллам изҳор доштанд,ки дар оянда низ барои таҳкими зарфиятҳои КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. 

Гуфтанист, ки ин паногоҳ барои наздик ба 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум шудаанд. Он алҳол бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин мебошад.