ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: Аз ҳуш рафтан дар об, ин марги яқин аст. Ғаввосони касбӣ маъмулан вақте вориди об мешаванд, чанд дақиқа рӯи об шино мекунанд ва баъдан ғӯта мезананд. Агар ҳаво муддати чанд рӯз гарм бошад, хатари ворид шудани ногаҳонӣ ба об бештар мешавад. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо хун дар бадан ғафс мешавад (тромб-судда) ва лахт шудани он сабаби микроинсулт шуда метавонад. Якбора вориди об шудан ин равандро метавонад тезонад ва одам аз ҳуш рафтаву ғарқ шуданаш имкон дорад.
- Дар таҷрибаи ҷустуҷӯи ғарқшудагон ин гуна ҳолат ҳам шудааст, ки дӯстон сарҷамъ омадаву шаробнӯшӣ кардаанд ва чун ҳаво гарм буду бода онҳоро гармтар кард, хостанд оббозӣ кунанд, вале дигар барнагаштанд. Ҷустуҷӯи ин гунаҳо баъзан тӯлонӣ мешавад, чун онҳо вақте ғарқ мешаванд, маҷоли худро ба самти соҳил расондан намекунанд ва маргашон боис мегардад, ки мавҷи об онҳоро дуртар аз ҷойи ҳодиса барад.
- Имдодгарон мегӯянд ҳатто ҳолате ҳам шудааст, ки одамон хеле кам нӯшидаанд, масти шароб набуданд, вале ғарқ шуданд. Чаро? Ва илм ба ин суол посух дорад. Маъмулан шароб монеъа миёни тарс ва хатарро аз байн мебарад. Одаме, ки нӯшид, қобилияти ба дурустӣ муайян кардани авзоъро аз даст медиҳад, намедонад, ки қувваи вай то куҷо метавонад ба мавҷи об муқовимат кунад. Аз ин рӯ, дар ин гуна ҳолатҳо одамон зиёд ғарқ мешавад. Ин аст, ки тиб баъди шароб оббозӣ дар кӯлу дарёву баҳрро иҷозат намедиҳад.
- Аз сӯи дигар касоне, ки шароб менӯшанд, ба баҳсҳои харобкунанда ҳам дода мешаванд ва шартгузориҳо ҳам мекунанд, ки аз соҳил ба соҳили дигар метавонанд шино карда. Тавре ишора рафт, онҳо авзоъро наметавонанд дуруст таҳлил кунанд.
- МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 1
- МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 2
Амалҳо дар ҳолатҳои фавқулодда
Агар дар пеши чашми шумо одаме ғарқ мешавад ва наҷотдиҳандагон дуранд, метавонед аз ин қоидаҳо истифода намоед:
- то назди ғарқшаванда аз ақиби вай шино кунед, зеро агар рӯбарӯяш оед, вай метавонад аз изтироб ба шумо часпад ва шуморо ҳам бо худ ба зер кашад. Агар ин ғайриимкон бошад, ба об ғӯта занед ва бо дасти чап аз зери зонуи пои росташ доред, бо кафи дасти ростатон пои чапашро сахт тела диҳед ва ғарқшавандаро ба пушт гардонед;
- дасти худро зери мушаки дасти рости ғарқшаванда гузоред, аз даст ва китфи ӯ мустаҳкам дошта, бо ӯ боло шино кунед;
- ҷабрдидаро то ба ҷойи бехатар баред.
- МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 3
- МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 4
Усулҳои берун овардани ҷабрдида аз об:
Якум:
1. Ҷабрдидаро бо ду даст аз зери манаҳаш доштан.
2. Бо пушт шино кардан, бо пойҳо ҳаракат кардан бо усули брасс (шеваи шиноварӣ дар варзиш).
Дуюм:
1. Аз пас дасти худро расондан ба дасти ҷабрдида.
2. Бо ангуштони ҳамин даст қапидан аз манаҳи ҷабрдида.
3. Шино кардан бо усули брасс ва ё бо паҳлӯ бо ба кор андохтани дасти озод ё пойҳо.
Сеюм (агар ғарқшаванда муқовимат кунад):
1. Дастатонро зери дасти ғарқшаванда андозед.
2. Бо усули брасс ва ё бо паҳлӯ бо ҳаракат ба дасти озод шино кунед.
Ҳангоми расонидани ёрии аввал зарур аст:
1. Ҷабрдидаро сар ба поён кунед. Дар сурати пайдо шудани рефлексҳои қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра холӣ шавад.
2. Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роҳи маҳси қафаси сина ва ишкам берун бароред.
3. Сарашро ба қафо хам карда, манаҳи поёни онро поин кунед ва даҳонашро боз намоед, аз тариқи даҳонаш ҳаво ворид созед ва ҳаворо аз он берун кунед.
4. “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намоед.
Риояи ин қоидаҳо ва амал тибқи ин дастурҳо хавфи ҳалокати одамонро аз байн мебаранд. Инсонҳо масъулият доранд, ки ба ҳамдигар дар чунин ҳолатҳои ёрӣ расонанд!
Агар ҳолате пеш меояд, ки кумак лозим аст, фавран бо телефони 223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед!