Сабти зилзила дар кишвар дар асри имрӯз. Маркази он Афғонистон буд

зилзила дар кишвар

Ҳамагӣ чанд лаҳза пештар, дақиқан соати 17:25 дақиқаи вақти Душанбе Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ маркази он 315 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 145 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар гузориш нарасидааст.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ ТО ЗАМИНЛАРЗА, ВАҚТИ ЗАМИНЛАРЗА ВА БАЪДИ ОН
ЗАМИНЛАРЗА, ЗИЛЗИЛА...Аз маънои луғавӣ то тавсияҳо барои бехатарӣ
ЗАМИНЛАРЗА ДАР ИЗМИРИ ТУРКИЯ. ҲАЛОКАТИ 24 НАФАР, НАҶОТИ 70 ВА ҶАРОҲАТИ БЕШ АЗ 800 НАФАР. КОРҲОИ НАҶОТ ИДОМА ДОРАНД

 

барчасп: