Аввалин манбаъи хаттӣ дар бораи тарма дар кӯҳҳои Алп дар тӯлонитарин солномае омадааст, ки ба солҳои 1120 мутааллиқ аст. Ин асноди таърихӣ дар бораи нобуд шудани аҳли рикоби усқуф Рудолф ҳикоят мекунад, ки соли 1129 барои таҷлили мавлуди Исои Масеҳ (ҷашни Криссман) аз тариқи ағбаи Бузурги Сен-Бернар ба шаҳри Рум равон буд. Сар аз асри 15 дар воқеъаномаву солномаҳо дар бораи фоҷеаҳои тарма дар кӯҳҳои Алп зиёдтар ёдоварӣ мешавад.
Дар навиштаҳо муаррих Тита Ливия (ки миёни соли 59 то солшумории мо ва соли 17 милодӣ иншо шудааст) дар тасвири юришҳои Искандари Мақдунӣ ба самти кӯҳҳои Осиёи Миёна ва аз тариқи қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ба самти Ҳинд дар бораи тарма ва хатарҳои он ёдоварӣ шудааст.
Аввалин ёди тарма дар Ҳимолойро мо дар достони “Мегахдут” (санскр. मेघदूत, IAST: meghadūta «паёмрасони абр”), ки Калидос – намоишноманавис ва шори номдори классики забони санскирит ва ҳинд мехонем. Барои хонанда рушан бод, ки тарҷумаи таҳтуллафзии Калидос “Хидматгори эзидбону Коли” – худои марг ва вайронӣ дар оини ҳинду мебошад. Калидос дар ин достон навиштааст: “Ҳимолой, ки як кӯҳистони саропо файзбахш ва дорои маъданҳои гаронбаҳост, як камбудӣ дорад, ки он тарма аст. Вале ин иллату камбудӣ дар миёни ҳама арзишҳои дигар ноаён аст, ба мисли доғи рӯйи Моҳ дурахшу рӯшноии онро кам намекунад”.
Таърихшиноси румӣ Полибий (таърихнигори Юнони бостон, ходими давлатӣ, ҷангсолор ва муаллифи китоби “Таърихи умумиҷаҳонӣ”, ки 120 сол пеш аз солшумории мо зистааст) дар бораи юриши карфагенҳо (аҳли Кортожи бостон-як давлати финиқиҳо дар асри ҳафтум то сеюми то милод буд) аз тариқи кӯҳҳои Алп навиштааст: “Аммо вақте қувваҳои Ҳонибол (исми як фармондеҳи низомии карфагенҳо) то ба як макони танг расид, ки аз он на филҳо, на ҳайвонҳои бадбӯй наметавонистанд гузаранд, тарма омад ва рӯҳияи сарбозонро шикаст. Ҳонибол ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки дар Алп лашкари вай бо кадом душмани шикастнопазир рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Тарма ба он миқдор сарбозони вайро нобуд кард, ки дар ягон ҷанги мудҳишу хунрезтарин ин миқдор талаф надода буд. Ҳонибол аз ин ҳодиса ба ҳадде шикаста шуд, ки қариб буд дар ҷанг бо румиён шикаст хӯрад”.
Дар Аврупо бештар дар сагаҳои (достонҳои халқии Сканданавияи қадим) Исландия дар бораи тарма зиёд гуфта мешавад. Дар яке аз ин достонҳои халқӣ дар бораи ҳалокати 5 нафар дар соли 1118 ҳикоят шудааст. Дар достони дигар аз кушта шудани 50 нафар дар резиши тармаи 24-уми декабри соли 1613 хабар дода шудааст. Аз соли 1800 шумори куштагони тарма қариб ба 500 нафар расид, 470 бино хароб гардид ва беш аз 3500 сар чорво нобуд шуд.
Соли 1679 бар асари лағзиши тарма дар Норвегия то 500 нафар ба ҳалокат расиданд ва соли 1755 наздик ба 200 нафар.
Таҳияи Б.Шафеъ