Садамаи мошинҳо дар роҳи Хуҷанд-Масчо. Се узви як оила ҳалок шуданд

Дар садамаи ду мошин дар роҳи Хуҷанд – Масчо се узви як оила ба ҳалокат расиданд. Сабаби садама маълум нест. Ба эҳтимоли зиёд як сабаб боло будани суръати ҳаракати яке аз ин мошинҳо бошад. Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои ин ҳодиса ширкат карданд

24 январи соли 2022 тахминан соати  17:10 дар роҳи Хуҷанд – Масчо, дар қаламрави шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин ба қайд гирифта шуд. 

Мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-Жигули», ки аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Масчо бо мошини тамғаи  «BMW» бархурд, ки ронандаи он як сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд буд.

Дар натиҷа се нафар мусофирони мошини “Жигули” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи онҳо узви як хонадон буданд. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар виляти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси имдод ҷасади ҳалокшудагонро аз дохли мошин берун овраданд ва барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Ронанда ва мусофири мошини тамғаи «BMW» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи марговарро таҳқиқ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба таваҷҷуҳи ронандагон мерасонад, ки боло бурдани суръати ҳаракат дар роҳҳо ҳамеша хатарҳои фоҷеаборро ба дунбол дорад.

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунед!

МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА:

барчасп: