Бархӯрди ду мошин дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ. Як нафар ҳалок шуд 8 нафар маҷрӯҳ

Нимишабии рўзи 30-уми сентябри  соли 2021, соати 03:29 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар роҳи Ваҳдат ба самти Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як садамаи мошин рух дод, ки марговар буд.

Бо дарёфти хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса равона шуд.

САДАМАИ МОШИНҲО. ЧАРО МОШИНҲО БА ҲАМ БАРМЕХӮРАНД? ОМОРҲОИ ТАКОНДИҲАНДА АЗ ҶАҲОН ВА ТОҶИКИСТОН

Дар натиҷа муайян шуд, ки як автомашинаи тамғаи Старекс ба як мошини тамғаи КАМАЗ бархӯрдааст ва дар натиҷа 8 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта як нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шоҳидон мегӯянд ронандаи мошини Старекс аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва сабабгори ин бархӯрди фоҷеабор шуд. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат и КҲФ дар шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри пойтахт  нуҳ нафар мусофиронро аз дохили автомашинаи Старекс бароварда, ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Як сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон дар ин садамаи ҷони худро аз даст додааст. 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садмаро таҳқиқ мекунанд.

 

ВА ХАБАРҲОИ ДИГАР ДАР ИН МАВЗӮЪ: