Соати 1330 дақиқаи рўзи 20 – уми марти соли 2020 дар километри 115-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, мавзеьи дашти Сороғи ноҳияи Нуробод автомашинаи тамғаи Хундай-старекс рақами давлатиаш 01-36 SS 07 ба харсанги азим бархӯрдааст ва дар натиҷа як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, 7 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони Нуробод бистарӣ шудаанд.
Ин мошин мутааллиқ ба Лоиқов Фирўз Додарбековичи 21-сола, сокини деҳаи Қаланаки ноҳияи Рашт буда, аз Рашт ба самти шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат будааст. Бино ба хабари аввал ронандаи ҷавон аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва ҳангоми ҳаракат ба харсанги калони канори роҳ бархӯрдааст.
Шахси фавтида сокини деҳаи Кочони ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт буда, 52 сол доштааст.
Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои аслии ин садмаро тафтиш мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло набаранд.
Бахусус, дар рӯзҳои боронӣ, ки маъмулан ҳаво тираву баъзан туман дорад, бо суръати баланд ронандагӣ карданд, таҳдид ба ҷони онҳо ва мусофиронашон мебошад.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ шарти аслии таъмини амният аст.