Бино ба гузоришҳои расида бо оғози ҳафтаи нав теъдоди парвозҳои лағвшуда ба хотири авҷи нави КОВИД-19 дар олам афзоиш ёфта, таътилоти поёни солро барои бисёре талх кардааст, - менависад дар гузорише бахши форсии ВВС. Бар асоси гузориши як вебсайти радиоӣ беш аз 1400 парвоз дар рӯзи душанбе лағв шудааст, ки аксари онҳо дар кишварҳои Чин ва Амрико будааст.
Бино ба гузориши дигар аз рӯзи ҷумъа то якшанбе, замоне, ки дар Ғарб мавлуди Исоро ҷашн мегирифтанд, аллакай бештар аз 8 ҳазор парвоз лағв шуда буд.
Ҳонконг низ баъди мусбат шудани озмоиши коронавируси бархе мусофирон аз Кореяи Ҷанубӣ тамоми парвозҳо аз ин кишварро ба муддати ду ҳафта манъ кард.
Дар Австралия аввалин марг бар асари сироят ба штамми коронавируси “Омикрон”-ро сабт карданд. Аммо ҳукуматдорон ҳоло барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нави зиддикоронаӣ тасмим нагирифтаанд.
Деҳлии нав ахиран эълон кард, ки ба сабаби авҷи коронавирус дар кишвар аз соати 23:00 то 05:00 қуюди шабгардӣ эълон мешавад.