Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сокинони сайёра хост бо назардошти имкониятҳо дар нақшаҳои идонаи худ таҷдиди назар кунанд. Ин созмон аз густариши фарогири гунаи “Омикрон”-и коронавирус изҳори нигаронӣ кард. Гуфта мешавад, ки штамми нав ба шиддат дар кишварҳои олам паҳн мегардад.
"Лағви тадобири идона беҳтар аз талафи ҷон аст”,-гуфт сарвари Созмони ҷаҳонии тандурусти Тедрос Адханом Гебрейесус дар як брифинг, ки дар Женева баргузор шуда буд. – Хуб аст агар тадорукоти ҷашниро имрӯз лағв кунем ва ин беҳтар аз он аст, ки лағв накунему баъд пушаймон шавем”,-илова кард ӯ.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло маълум шудааст, ки “Омикрон” назар ба штамми Делта ба шиддати бештар ва фарогиртар паҳн мешавад. Ҳатто одамоне ҳам, ки худро зидди коронавирус эм кардаанд ва касоне, ки пештар ин бемориро аз сар гузаронида буданд, метавонанд ба “Омикрон” сироят шаванд.
Сарвари СҶТ гуфт, ки имсол шумори фавтидагон аз Covid-19 назар ба шумори ҳалокшудагон аз ВИЧ, табларза ва сил дар соли 2020 бештар мешавад.
Сайид Хатибзода-сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон иттилоъ дод, ки Ҳасан Ирлӯ сафири Эрон дар назди давлати ҳусиҳои зайдии Яман дар Санъо бар асари мубтало шудан ба коронавирус даргузаштааст. Ӯ марги ин дипломати эрониро “шаҳодат” хонд ва гуфт вай дар маҳалли маъмурияти худ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ гирифтори коронавирус шуд ва ба “далели ҳамкории дерҳангоми бархе кишварҳо мутаассифона, дар шароити номуносибе ба кишвар бозгашт”.
Сухангӯи вазорати хоиҷии Эрон ҳамчунин гуфт, ки Ҳасан Ирлӯ пештар дар ҷараёни дар ҳамлаи кимиёвӣ дар ҷанги Эрону Ироқ маҷрӯҳ шуда буд.