Мавҷи нави коронавирус батариҷ Аврупоро фаро мегирад. Ба назар мерасанд штамми “Омикрон” ба шиддати бештар вориди амал мешавад. Аввалин кишваре, ки заҳри ин сироятҳоро мечашад, Британияи Кабир аст. Ахиран Фаронса вуруди шаҳрвандони аз Британияро “бе сабаб муҳим” манъ кард. Ва онҳое ҳам, ки иҷозаи вуруд доранд, бояд ҳатман дар карантин бимонанд. Бино ба омори вазорати тандурустии Фаронса рӯзе қабл дар ин кишвар 65,7 ҳазор нафар мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд, ки 240 нафари онҳо ба гунаи “Омикрон” сироят шуда буданд.
Ҳукумати Британия низ рӯзи гузашта баъзе маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ кард: дар ҳамаи муассисаҳо риояи фосилаи иҷтимоии то ду метр ҳатмӣ шуд. Кулли клубҳо ва тафреҳгоҳҳо баъди ҷашни Крисман (мавлуди Исо), ки рӯзи 26 декабр баргузор мешавад, баста мешаванд. Яъне онҳо дар шабҳои солинавӣ иҷозати фаъолият нахоҳанд дошт. Ба клубҳо танҳо касоне роҳ дода хоҳанд шуд, ки ҳама ваксинаҳои гирифтаву соҳиби рамзи QR шудаанд.
Ду рӯзи ахир дар Подшоҳии Британия рақами рекордии сирояти шабонарӯзӣ ба коронавирус ба қайд гирифта мешавад, дуюмин рӯз аст, ки мақомоти беҳдоштӣ аз кашфи 88736 ҳодисаи сироят ба вирусро эълон мекунанд. Як сабаби ин авҷи сирояти “Омикрон” аст ва ҳам замон гунаи “Делта” низ зиёд сабт шудааст.
Беморхонаи Британияи Кабир аз нарасидани кормандони тибб шикоят мекунанд.
Профессор Крис Уитти – сардухтури беҳдоштии Британияи Кабир зимини як сухаронӣ дар кумитаи тандурустии парламони ин кишвар гуфт, ки баъди 18 моҳ ваксинаи ба ҳар навъи коронавирус мутобиқ сохта хоҳад шуд, ҳамчунин дар ин муддат дар шеваҳои табобати беморони гирифтори коронавирус тағйиротҳои чашмгир ба вуҷуд меоянд. Вай пешгӯӣ кард, ки дар ин муддат ҷомеаи тибии олам ба сохтани доруҳои таъсирбахш зидди коронавирус муваффақ хоҳад шуд.
Русия ҳам ахиран аз ошкор шудани штамми “Омикрон” хабар дод. Татяна Голикова, ноиби сарвазири ин кишвар эълон кард, ки 25 нафар бо сирояти Омикрон бистарӣ шудаанд.
Ахиран Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дода буд, ки то ба инмрӯ дар 77 кишвари олам гунаи “Омикрон” ба қайд гирифта шудааст.