КҲФ аз барфу борон ва ҳавои сард ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон да таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 21 то 22 октябри соли раво дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат (шабона дар баландиҳои бештар аз 2000 метр барф) меборанд. Дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва Ёхсу, Қизилсу интизор меравад сатҳи об баланд шавад. 

22-23 октябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво аз 7 то 12 дарақа коҳиш меёбад. Рӯзҳои 21-22 октябр дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои  тобеъи ҷумҳурӣ ва ВМКБ шамол ба шиддати 17-22 метр дар як сония мевазад, дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар бошад хокбод дар назар аст.

КҲФ бори дигар ба сокинони ноҳияҳои наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад, ки дар ғунучини зироати кишоварзии худ таъхир накунанд, чун сармо аввалтар аз ҳама ба ҳамин зироатҳо таъсир мерасонад. Он бахши ҳосил, ки ҳоло нарасидааст, бояд хасу хошок ва ё маводҳои нимасинтетикӣ пӯшида шаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин хоҳиш мекунад ба сектори чорводорӣ диққати вижа диҳанд ва ба талафи чорво дар сармо роҳ дода нашавад. 

Ҳангоми шиддати шамол КҲФ тавсия медиҳад, ки безарурат аз хонаҳо берун нашаванд. Муҳимтар кӯдаконро ҷиддан назорат кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи ҳаракати байни мошинҳоро риоя намоянд. Зеро ҳавои пурбориш ва шамоли сахт метавонад сабаби сангрезиш дар роҳҳои кӯҳӣ шавад. 

барчасп: