Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода имсол дар чорабиниҳои худ бахшида дар Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ҳамин мавзӯъро миёни сокинон мавриди суҳбату баррасиҳо қарор дод.
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Турсунзода чорабинӣ дар мавзўи «Заминларзаи шаддид» гузаронд.
Дар чорабинии мазкур 2380 нафар хонандагон, 132 нафар омўзгорон ва 38 нафар ҷонишинони таълимии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Мутахассисони Кумитаи ба ширкаткунандагон фаҳмониданд, ки зилзила, зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи Замин, ки дар натиҷаи баъзе просесҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Манбаи Замин ҷоест, ки дар он қабатҳои ҷинсҳои кўҳӣ ба сабаби фурўравиҳо дар қаъри Замин оташфишонии вулқон ва ҳаракатҳои тектоникӣ нисбат ба якдигар якбора мелағзанд ва зарбаи зеризаминӣ ба амал меояд. Ҳар сол дар ҷаҳон садҳо ҳазор заминларза ба амал меояд, ки аксари онҳо чун зарбаҳои суст танҳо бо асбобҳои махсус қайд карда мешаванд. Ин гуна асбобҳо сеймографҳо ном доранд, ҷунбишҳои замин ё ҳолати оромии онро мунтазам сабт мекунанд. Фақат ягон – ягон заминларзаҳои харобиовар ва аз он ҳам камтар заминларзаҳои фалокатбор рўй медиҳанд. Сабабҳои пайдоиш ва механизми заминларзаро сейсмология меомузад.
Ҳамзамон, сардори шуъба дар бораи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо омўзгорону коргарон ва хонандагон суҳбат кард.