Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Хатлон низ таҷлил шуд

Рузи 13 октябри соли 2021 дар мувофиқа бо Раиси вилояти Хатлон дар “Коҳи Ватан”-и шаҳри Бохтар “Рузи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ”  ташкил  ва  гузаронида  шуд.

 Дар чорабинии мазкур донишҷуёни Донишгоҳи давлати ба номи Носири Хусрави шаҳри Бахтар, Колеҷи омузгории шаҳри Бохтар, Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар, мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, Хадамоти Оташнишонии шаҳр бо 1 адад нақлиёти махсус, Хадамоти тиббии шаҳр бо 1 адад нақлиёти махсус, Идораи фарҳанги шаҳри Бохтар  дар умум  590 нафар ҷалб карда шудаанд.

Дар саҳни бинои “Коҳи Ватан”-и шаҳри Бохтар аз тарафи шуъбаю бахшҳои Раёсат асбоби радиатсионӣ – кимиёвӣ ва либосхои махсуси зидди беморихои сироятӣ (COVID – 2019) ва аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат намоиши нақлиёт ва таҷҳизот имдодрасонӣба намоиш гузошта шуд.

Дар марҳилаи дуюми чорабинӣ озмунҳои наққошиҳои беҳтарин дар мавзӯъи ҳолатҳои фавқулода, шеърхонӣ ва викторина бо иштироки донишҷуён ва толибилмон ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии     вилояти    Хатлон   Раҷабзода   Маҳмадрасул   ва   намояндагони   ташкилотҳои “Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон”, “Барномаи озуқавории умуми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон” ва Лоиҳаи “USAID GLOBAL”  фаъолона  иштирок  намуданд.

Дар охири чорабини аз тарафи роҳбарияти Раёсат ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иштироки фаъолона дар озмунҳои расмкашӣ, шерхонӣ ва викторина ба ширкаткунандагон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои сардори Раёсат тақдим карда шуд.

 

М.Муйдинов