Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Щукумати Ыумщурии Тоыикис тон дар вилояти Суғд, 40 нафар ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва устодону донишҷӯёни факултети санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муассисаҳои рассомии бачагона ширкат намуданд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 13-уми октябр рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ қайд гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, Лоиҳаи "Амал дар асоси пешгӯӣ" аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Салиби Сурхи Олмон ва Бонки федералии Олмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар чорабинӣ масъулин дар бораи рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, чорабиниҳое, ки дар кишвар дар ин самт ташкил ва гузаронида мешаванд ба иштирокдорон маълумот доданд. Озмуни расми беҳтарин баргузор гардид.
Ҳамзамон дар чорабинӣ расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида ва роҳандозии амалиётҳои наҷоти зарардидагони эҳтимолӣ амалан нишон дода шуданд.
Дар варақаҳои иттилоотӣ оид ба чӣ тавр огоҳ ва пешгирӣ кардани аҳолӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида маълумотҳо пешниҳод карда шудаанд.
Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст ва аз ҷониби устодони кафедраи санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ашӯров М. ва Ҷӯраев Ғ. баҳогузорӣ карда шуд.
Ба расмҳои беҳтарин аз ҷониби ташкилкунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Шахзодабону Нуриддинзода