Боз як радиовикторина бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави кишвар идома доранд.

Чунончӣ, 13 октябри соли 2021 аз тариқи радиои “Ватан” дар низоми мустақим муколамаи кормандони Кумита бо шунавандагон баргузор шуд, ки он муддати ду соат идома кард ва тайи ин ду соат кормандон ва мутахассисони Кумита ба суолҳои шунавандаҳои ин радио посух доданд. 

Кормандони Кумита аз минбари радиои “Ватан” бо шунавандагон дар бораи рафторҳои дуруст ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз онҳо, ҳамчунин дар бораи як силсила барномаҳои ватаниву байналмилалӣ дар мавриди коҳиши хатари офатҳо нақл карданд. 

Ҳамчунин бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист радиовикторина низ роҳандозӣ шуд. Ба шунавандагон дар низоми онлайн дар мавзӯъи ҳолатҳои фавқулода суолҳо ироа шуд.

Дар поёни суҳбат кормандони КҲФ ба шунавандагони радио ба ин мазмун муроҷиат намуданд: “Имрӯз дар студия мо хеле ҳолатҳои муҳимро мавриди суҳбат қарор додем, ки куллан ба бехатарии шумо равона шуда буданд ва ҳамзамон ба суолҳои шумо посух додем. Мехостем дар поёни суҳбат шумораи телефони ягонаи наҷот “112”-ро ёдрас кунем. Ҳамчунин мехоҳем, ки шумо пайваста қоидаҳои бехатариро риоя намоед. Зеро амнияту бехатарии шумо дар дасти худи шумост!”

барчасп: