Озмуни наққошиҳои кӯдакон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ

9 октябри соли 2021 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо озмуни беҳтарин наққошии кӯдаконро доир намуд.

Дар ин озмун, ки дар боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт баргузор шуд, кӯдакону наврасони аз 7 то 16 -сола ширкат карданд. Атфол дар наққошиҳои худ зиндагии ҳамарӯзаи наҷотдиҳандагон, биниши хеш дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар сурати офатҳои табииро инъикос намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин гуна чорабиниҳо таблиғи фарҳанги зиндагии бехатар дар байни насли наврас, огоҳ кардани аҳли ҷомеа дар бораи аҳамияти вазифаи пешгирӣ ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ дар  бораи офатҳои табиӣ ва роҳҳои пешгириву коҳиши хатар аз онҳо мебошад.

Ғолибон ва ширкаткунандагон таҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои КҲФ қадр карда шуданд.

барчасп: