Дарси омӯзишӣ дар мактабе дар шаҳри Хоруғ

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо идома доранд.

Чунончӣ, дар муассисаи таҳсилоти умумии №5 ба номи Шониёз Мухторшоеви шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва намояндаи Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист дарси омӯзишӣ дар мавзӯъи “Ҳаёти осоишта бидуни ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд. 

Дар ҷараёни дарс ба хонандагон дар бораи офатҳои табиӣ ва роҳу шеваҳои омодагӣ барои пешгирӣ аз онҳо гуфта шуд. 

Дар ҷараёни дарсҳо хонандагон дар бораи навъҳои офатҳои табиӣ ва шеваҳои наҷоти одамон да ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, роҳҳои додани нафаси сунъӣ ва ғайра маълумотҳои тоза дарёфт намуданд. 

 

Теги: ахбори рӯз