Ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувон баргузор шуд, ки дар он аз ҳамаи шуъбаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти ширкат карданд.

Дар ҷаласа чорабиниҳои 9 моҳи охир мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз фаъолияти нуҳмоҳа натиҷагирӣ ва аз вазифаҳои наве, ки бояд соли 2022 амалӣ гарданд, суҳбат шуд.

Ҳисоботи роҳбарони шӯрои занони Раёсати вилоят шунида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷодошта ва ислоҳи он тавсияҳо дода шуд.

Пӯшида нест, ки муносибати боварибахш ва боэҳтиромонаи корӣ ба бунёди фазои мусоиди корӣ дар коллектив мусоидат мекунад ва он ҳатман ба ҷараёни иҷрои вазифаҳои хидмативу корӣ таъсири мусбат мерасонад. 

Маҳз аз  ин рӯ дар ҷараёни ҷаласа як суҳбати рӯбарӯву ошкор баргузор шуд, ки бонувон ҳарфи худро дар бораи беҳбуди кору шароити мусоиди корӣ иброз доштанд.

Ба уҳдаи Шӯрои бонувон вазифаҳои зиёде гузошта шудаанд, ки иҷрои онҳо бояд ба беҳтар шудани фазои корӣ, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, рушди сатҳи фарҳангии бонувон-кормнадони КҲФ аз  тариқи татбиқи ниёзҳои иҷтимоиву маънавии онҳо  мусоидат намояд.

барчасп: