Дар Тоҷикобод бинои ду мактаби нав, ки бар асари заминларзаи 11 июли соли равон дар деҳаҳои Сумандара ва Мазори болои ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод хароб шуда буданд, ба истифода дода шуданд.
Дар мактаби нави деҳаи Мазори боло 345 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Ин мактаб 10 синфхонаи замонавии дорои 180 ҷойи нишаст дорад.
Дар мактаби миёнаи деҳаи Сумандара бошад 165 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд ва он дорои 8 синф ва 144 ҷойи нишаст мебошад.
Синфхонаҳи нав дар ин ду мактаб бо меъёрҳои муосир сохта шуда, дорои синфҳои компутерӣ низ мебошанд.
Сохтмони ин ду бинои мактаби навро Ташкилоти сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод. Дар маросими ба истифода додани онҳо ҷонишини Раёиси КҲФ полковник С.Исозода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Маҳмадҷонзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод К.Фақерзода ва сардори Раёсати муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон К.Муҳиддинзода иштирок намуданд.