Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари як сокини кӯчаи Нусратулло Махсумро боз карданд ва тифли чорсолаи ӯро солим ба модараш супурданд.
Ин занги телефонӣ дар мавриди баста шудани дари хона ва дар дохил мондани тифли чорсола ба Қисми навбатдории КҲФ расид. Ин модар мегуфт, ки дар ногаҳон баста шудааст ва наметавонад вориди он шавад, аз дохил тифлаш ҳам наметавонад ин дарро боз кунад.
ОЁ МЕТАВОН КӮДАКОНРО ДАР ХОНА ТАНҲО ГУЗОШТ?
Кормандон ба имдоди вай расиданд ва бо истифода аз таҷҳизот дарро боз карданд ва кӯдакро саломат ба модар супурданд.
Вақтҳои охир ҳолатҳое зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки модарон ё падарон калидро дар хона фаромӯш мекунанд ва ё ҳолати дигаре пеш меояд, ки вориди хона шуда наметавонанд. Онҳо дар аксар мавридҳо ноболиғони худро танҳо мегузаранд, ки ин басо хатарнок аст.
Волидон ҳамеша қабл аз хуруҷ аз хона бояд ҷиддӣ бошанд ва чораҳои бехатариро риоя кунанд. Ҳаргиз тифлонро танҳо дар манзил нагузоранд.
БОЗ ДАР ИН БОРА: