Ин ҳодиса чор рӯз пеш рух дода буд. Як тифли 3-сола аз беназоратии волидон нопадид шуд. Шаби сардеро дар бунаи сангу дарахту буттаҳои кӯҳистон ба рӯз расонд. Натарсид, шояд тарсида ҳам бошад, чун гуфта наметавонад. Ҷустуҷӯи пайвандон то дили шаб бенатиҷа анҷом шуд. Рӯзи дигар бо талоши имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳодисае, ки назираш кам иттифоқ меуфтад. Тифл дар паноҳи Офаридгораш буду зинда монд. Вале агар зинда намемонд? Хонае имрӯзҳо мотамкада буд. Волидон набояд ба ҳадде саргарми кори саҳро бошанд, ки ғайб задани фарзандони хурдсоли худро пай набаранд. Ин камоли БЕМАСЪУЛИЯТӢ АСТ, НА ЧИЗИ ДИГАР!
Аниқтараш Воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот кӯдаки 3-солаи гумшударо пайдо карданд.
Ба Қисми навбатдории Кумита хабар дода шуд, ки дар қаламрави деҳаи Шулеи ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт як кӯдаки сесола гум шудааст.
Вақте наҷотдиҳандагон ба кумак расиданд, муайян шуд, ки сокини ин деҳа дар наздикии маҳалле ба номи “Камароби Калон” ҳамроҳи хонаводааш кишоварзӣ мекард. Волидон хеле бепарво буданд ва ё саргарми кори саҳро бехабар монданд, ки духтари сесолаи онҳо аз хайма берун шудаву ба самти номуайян рафтааст. Падару модар ва хешу ақрабо то соати 22:00 ҷустанд, вале бенатиҷа. Баъдан ба КҲФ муроҷиат кардаанд, то дар кофтукови фарзандошон ёрӣ расонад.
Субҳи рӯзи 1-уми май дастаи имдодгарон ба гурӯҳҳои ҷудо шуда, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро ба роҳ монданд. Билохира 1,5 километр дуртар аз маҳалли ҳодиса духтарчаи сесола пайдо карда шуд. Тақрибан як шабонарӯз ин кӯдак дар ҳавои сарди кӯҳистон ва тани танҳо зинда монда буд!!!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такрор ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки ҳамеша кӯдакони худро назорат кунанд, онҳоро танҳо нагузоранд.
Бепарвоии лаҳзаина ва бемасъулиятӣ нисбат ба сарнавишти кӯдак метавонад барои ӯ фоҷеабор бошад.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: