Қадрдонии роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷавоне, ки духтари 22-соларо наҷот дода буд

Дирӯз, 26-уми апрел муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода дар ҳузури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба шаҳрванд Зафари Нуралӣ - донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўшониён медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро тақдим намуд.

Зафари Нуралӣ рӯзи 19-уми апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, ки ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Бохтар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд, наҷот дод.

Ин шуҷоати ҷавони донишҷӯ аз назари роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд.

Маросими эътои медал дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўшониён бо ҳузури гарми ҷамъе аз донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор шуд. 

 

М.Муйдинов