Омодагии имдодгарон дар соҳилҳои дарёи Сир

Тафреҳгоҳи соҳили рости шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳоест, ки ҳамасола ҳазорон нафар ташриф оварда, истироҳат мекунанд. Ин мавзеъ як фироргоҳ аз гарморо мемонад ва баъзан чунон одамони зиёд аз гирду атроф ҷамъ меоянд, ки ҷойи поймонӣ пайдо намешавад. Мавсими гармо одамонро бештар ба соҳили обҳо меорад, вале на ҳама қоидаҳои оббозиву шиновариро медонанд.

Гузашта аз ин ин тафреҳгоҳҳо ҷойҳои махсуси оббозӣ доранд ва дар ғайри ин маконҳо оббозӣ дар ҷойҳои дигар мамнӯъ аст, ки истироҳаткунандагон бояд бидонанд.
Шиногоҳ аз пурҷамъияттарин макон дар тобистон ба шумор меравад. Илова бар ин ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, таъмини бехатарии сокинону меҳмонон мутахассисон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамеша навбатдорӣ мекунанд.

Наҷоти ду ноболиғи 14-сола дар оби дарёи Сир

Наҷоти се нафар дар дарёи Сир, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд

Гуфтанист, ки  бо фарорасии фасли гармо ҳамарӯза аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат дар ҳамкорӣ бо афсарони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи он  дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар соҳили дарёи Сир​ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебаранд.​

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби масъулин бо истироҳаткунандагон бобати қоидаҳои​ беҳдошти шахсӣ, риояи қоидаҳои шиноварӣ дар об, пешгирии сироят ба бемориҳои мавсимӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд.Аз оғози мавсими оббозӣ тамоми техникаҳои махсуси наҷот барои бурдани корҳои рӯи обиву зериобӣ дар ҳолати омодабошӣ қарор дода шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар рафти гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ба сокинон аёниятҳо, китобчаҳо ва ёддоштҳо тақсим карда шуд.

Ш. Нуриддинзода

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: