Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо дар Суғд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021 ва баҳри пешгирӣ  аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо кормандони Шӯъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон дар обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”, ки бештари сокинон ва меҳмонон дар мавзеъҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксияи риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо аҳолӣ риояи қоидаҳои шиноварӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани кӯдакон, роҳбаладӣ намудани онҳо, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии мавсимӣ фаҳмонида шуд.

Барои ширкаткунандагон китобчаву варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома доранд.

барчасп: