Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар асари вуруди ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ғарбӣ дар қаламрави кишвари мо ҳавои гарм ва хушк боқӣ мемонад.
Дамои ҳаво дар водиҳо 37+42, дар ноҳияҳои ҷануб то +44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавосанҷон ҳушдор медиҳанд, ки то 11 июни соли 2021 дар баъзе навоҳии кишвар шамоли пуршиддат, ки ба суръати 15-20 метр дар як сония мевазад, дар назар аст. Эҳтимоли гарду ғубор вуҷуд дорад.
Аз сабаби гармӣ эҳтимоли об шудани барфу ях дар кӯҳҳо вуҷуд дорад, ки ин метавонад сабабгори боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад ба саломатии худ ҷиддан эътибор диҳанд, гаштугузор дар кӯчаҳоро зери шуои офтоб, бахусус дар нисфирӯзиҳо маҳдуд намоянд.
Хуб мешуд агар либоси сабуки дӯхташуда аз матоъи пахтагӣ ба бар дошта бошед. Об бештар нӯшед.
Вақте дар соҳили махзанҳои об истироҳат мекунед, талош намоед ҳама қоидаҳои бехатариро риоя кунед, дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунед.
Бахусус ба бачаҳо эътибор диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред.
ДАР ИН БОРА БОЗ БИХОНЕД: